Маълум, ки бо назардошти хунукиҳои зимистони гузашта ба мавсими зимистонаи ҷорӣ тайёрии ҷиддӣ дида шуд. Захираҳои дохилӣ пурра сафарбар гардида, шабакаҳо такмил дода шуданд. Дар муассисаҳо, маҳаллаҳо ва корхонаҳо камбудиҳо бартараф гардиданд.
Кори бонизом бобати ба вуҷуд овардани иқтидорҳои иловагии энергетикӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа дар муддати кутоҳ иқтидорҳо ба андозаи 675 мегаватт ба баҳрабардорӣ супурда шуда, то охири сол 7 неругоҳ ба қуввати 2,2 ҳазор мегаватт ба кор хоҳад даромад. Ғайр аз ин, 100 зерстансия, 11,5 ҳазор трансформатор ва 34 ҳазор километр шабакаҳои электрикӣ нав карда шуданд.
Вазъияти шаҳри Тошканд, ки дар он аҳолӣ зич зиндагӣ карда, электроэнергия зиёд сарф мегардад, алоҳида баррасӣ гардид. Аз он ҷумла дар пойтахт 2 зерстансияи нав ба иқтидори умумии 286 мегаватт сохта шуд. 228 трансформатор, 1130 километр шабака нав карда шуд. Ба тӯли 260 километр хати баландволти кабел кашида шуд.
Роҳбари давлат ногузирии идома додани ин корҳо ва дар муддати хеле кутоҳ анҷом додани чорабиниҳоро, ки мувофиқи барномаи омодагӣ ба нақша гирифта шудааст, таъкид кард.
Дар ҷамъомад инчунин мушкилот ва қатъгардие, ки дар низоми энергетикаи баъзе минтақаҳо мушоҳида мешаванд, баррасӣ гардиданд. Эътибори алоҳидаро Президент ба фикри аҳолӣ нигаронд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ иброз мегарданд.
Масалан, дар истгоҳҳои сӯзишвории газ дар вилояти Намангон дар расонда додани сӯзишворӣ танаффусҳои зиёд ба вуҷуд меояд. Дар ноҳияҳои Балиқчӣ, Пахтаобод, Марҳамат ва Андиҷон бинобар сардии ҳаво таъминоти барқ шиддат пайдо кард. Хабарҳое мерасанд, ки дар ноҳияҳои Ғузор ва Касбии вилояти Қашқадарё барқ зуд-зуд хомӯш мегардад.
Роҳбари давлат бори дигар ногузирии зуд бартараф намудани чунин камбудиҳо ва дар оянда пешгирӣ намудани онҳоро таъкид кард. Ба роҳбарони корхонаҳои шабакаҳои электрикӣ ва таъминоти газ омода намудани бригадаҳои садамавӣ ва таъмини кори шабонарӯзии онҳо, зиёд намудани захираи васила ва маводи ногузир супурда шуд.
Соли ҷорӣ низоми нави ангишткашонӣ ба кор андохта шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ 5 миллиону 900 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ба аҳолӣ 930 ҳазор тонна гузошта шуда, боз 93 ҳазор тонна барои соҳаи иҷтимоӣ расонда шуд.
Таъмини назорати ҳаррӯзаи гузоштани ангишт аз анборҳо ба минтақаҳо барои одамон ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, ба вуҷуд овардани захираи ногузири ангишт дар объектҳо, ки низоми гармидиҳиашон ба шарикони хусусӣ гузаронда шудааст, супурда шуд. Аҳамияти истифодаи оқилонаи захираҳои барқ ва бартарафсозии ҳолатҳои истеъмоли ғайриқонунии он таъкид шуд.
Муайян карда шуд, ки аз имрӯз эътиборан тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хидматҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ба тартиби кори шабонарӯзӣ гузаронда мешаванд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити муносиб барои ҷашни Соли нав эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Таъкид шуд, ки чорабиниҳои маданӣ дар дараҷаи баланд баргузор шуда, барнома ва хидматҳои шодиовар зиёд карда мешаванд. Дар бозорҳо ярмаркаҳо бо нархҳои арзон ташкил карда мешаванд. Прокуратураи генералӣ аз болои кӯшишҳои беасос боло бурдани нарх назорат ҷорӣ менамояд. Ба аҳамияти таъмини кори босуботи нақлиёти ҷамъиятӣ, хидмати босифат ба мусофирон дар метро ва автобусҳо ишора гардид. Инчунин доир ба масъалаҳои беҳсозии шароит дар истгоҳҳо, тоза нигоҳ доштан ва баланд бардоштани бехатарии ҳаракати роҳ сухан ба миён омад.
Дар ҷамъомад ҳисоботи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба тайёрӣ ба зимистон ва дигар шахсони соҳибмансаб шунида шуд.