Гурӯҳи корӣ фаъолияти хидмати ёрии таъҷилӣ ва фаврии шаҳри Тошкандро омӯхт

    Гурӯҳи корӣ таҳти ҳайати муовини раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиш Дилором Тошмуҳамедова, депутати Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Тошканд Луиза Ҳикматова ва намояндагони ҷомеа фаъолияти муассисаҳои ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббиро ҳамаҷониба омӯхтанд.

    Аз ҷумла, намояндагони гурўҳи корӣ корҳои таҳияи барномаи минтақавиро, ки ба рафъи мушкилоти мавҷуда нигаронида шудааст, фаъолияти мошини ёрии таъҷилӣ ва зеристгоҳи садамавии №1-и шаҳри Тошкандро мавриди омўзиш қарор доданд.

    Ба шароите, ки дар низом фароҳам оварда шудааст, ба фаъолияти маркази тамос, кор бо зангҳо, муроҷиатҳои воридотӣ ва нишонди-ҳандаҳои коркунони подстанцияҳо, фаъолияти духтурони калон оид ба назорати равандҳои ҷиддӣ диққати махсус дода шуд.

    Ҳамзамон ба кори реаниматолог ва равонпизишк дар ҳайати дастаи ёрии таъҷилӣ эътибор дода шуда, фаъолияти маркази симулятсионии аз ҷониби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ таъсисёфта, инчунин вазъи роботҳои оперативӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

    Гурӯҳи корӣ дар маркази симулятсия курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, бо корҳо оид ба таълими усулҳои кор бо операторони роботҳо, инчунин бо раванди таълим шинос шуданд. Дар рафти омӯзиш ҳамчунин бо донишҷӯёни курсҳои таълимӣ суҳбат доир гардид. Зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тиб омилҳое, ки ба кори ёрии таъҷилӣ ва ёрии фаврӣ халал мерасонанд, муайян гардида, барои бартараф намудани онҳо пешниҳодҳо тақдим гардиданд.

    Аз ҷумла зикр гардид, ки ба далели роҳбандӣ дастаҳои ёрии таъҷилӣ сари вақт ба бемор расида наметавонанд ва дар расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба мушкил дучор мешаванд.

    Кормандони Хидмати бехатарии ҳаракат ҳамчун роҳи ҳалли мушкилот дар шоҳроҳҳо барои мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар мошинҳои махсус хатҳои алоҳида ҷудо кардаанд.

    Инчунин дар рафти суҳбат кормандон оид ба номгузорӣ ва рақамгузории кӯчаҳои мавҷуда дар минтақаҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таъмини аҳолӣ бо ёрии зуд ва босифати тиббӣ, зиёд намудани шумораи реаниматологҳо барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ пешниҳодҳо тақдим намуданд.

    Сипас, гурӯҳи корӣ фаъолияти муассисаи ёрии таъҷилии сайёри поликлиникаи оилавии рақами 56-и ноҳияи Юнусободро омӯхт. Маълум гардид, ки дар поликлиникаҳо навбатдории шабонарӯзӣ суст ба роҳ монда шудааст.

    Дар навбати худ, гурӯҳи корӣ оид ба барҳам додани мушкилоти дар ин самт зоҳиргардида пешниҳод тайёр нумуда, ба Кумитаи дахлдори Сенати Олий Маҷлис ворид кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates