Дар Ӯзбекистон Иди Рамазон 21 апрел ҷашн гирифта мешавад

    Муҳим 20 Aprel 2023 5831

    Рӯзи аввали Иди Рамазон дар Ӯзбекистон ба 21 апрели соли 2023 рост меояд. Дар ин бора дар Идораи мусулмонони Ӯзбекистон хабар доданд.

    Идораи мусалмонони Ӯзбекистон субҳи имрӯз дар бораи он ки рӯзи аввали Идии Рамазон дар кишвар ба рӯзи ҷумъа, 21 апрел рост меояд, изҳороти расмӣ пахш кард.

    Бино ба иттилои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, гурӯҳи кории назди идора, ки ба ҳайати он кормандони марказҳои бонуфузи астрономии хориҷӣ ва Институти астрономияи назди Академияи илмҳои Ӯзбекистон шомиланд, муайян кардааст, ки моҳи нав дар моҳи шавволи соли 1444 ҳиҷрӣ рӯзи панҷшанбеи 20 апрел, соати 09:12-и вақти Тошканд рух додааст.

    Шӯрои уламоҳои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон бар асоси таълимоти ислом ва маълумоти таҳқиқоти астрономӣ тасмим гирифт, ки Иди Рамазон имсол ба рӯзи ҷумъаи 21 апрели соли 2023 рост меояд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates