Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Даврон Қурбонов дар ҷараёни мулоқот дар бораи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар солҳои охир дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, инчунин шароити мусоиде, ки барои соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, муфассал маълумот дод.
Дар навбаи худ, Аввад Ал-Халаф дар бораи нақшаҳои васеъ намудани имкониятҳо барои ҷавонони боистеъдод ва соҳибкорони Ӯзбекистон ҷиҳати таҳсил дар бакалавр ва магистратура бо асоси грантҳо маълумот дод.
Ҳамчунин масъалаи таъсиси маркази таълимии Донишгоҳи «Ал-Қосимия» бо дастгирии Палатаи савдо ва саноат баҳри рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои IT, маркетинг ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҷавонони ӯзбек ва соҳибкорони оянда баррасӣ шуд.