Рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар формати “Ӯзбекистон – ИА” дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои Олмон

    Нашрияи олмонии “Rusverlag.de” мақолаеро дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар чаҳорчӯби формати “Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо” нашр кард.

    Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласаи 15-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии «Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо» иштирокчиёни вохӯрӣ дурнамои рушди муносибатҳои байни Олий Маҷлис ва Парлумони Аврупоро баррасӣ намуданд.

    Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар шароити пандемияро баррасӣ намуда, пешрафти татбиқи ислоҳоти густурда ва фазои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, дастгирии энергияи таҷдидшаванда, расонидани кумакҳои молиявию техникӣ, ҳавасмандгардонии табодули сайёҳӣ ва таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

    «Иттиҳоди Аврупо аз таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фаъолсозии ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳо, ба мисли тағирёбии иқлим, инчунин густариши робитаҳои одамон манфиатдор аст. Дар рӯзномаи имрӯза доираи ҳамкории мо, ки бояд мустаҳкам карда шавад, инъикос ёфтааст. Ҳамзамон, он ҳаҷми кореро, ки мо бояд анҷом диҳем, инъикос мекунад», - оварда мешавад суханони ноиби президенти Парлумони Аврупо Ҳайди Ҳаутал дар мақола.

    Ўзбекистон дар майдонҳои байналмилалӣ дар соҳаи гузарондани сиёсати кушоди дохилӣ ва хориҷӣ, дипломатияи мутавозини парлумонӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодии сухан муносиб эътироф мегардад. Нашрияи олмонӣ суханони ҳамраиси Кумитаи ҳамкориҳои порлумонии “Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо” Акмал Саидовро иқтибос овардааст, "ва ин мулоқот дар Брюссел тасдиқи ин аст".

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates