Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои инфрасохтории Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Ба дурнамои муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкили интиқоли зоирин ба шаҳрҳои Макка ва Мадина баҳои баланд дода шуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёту логистика, афзоиши ҳаҷми интиқоли мусофирон ва бор миёни ду кишвар иқдомоти амалӣ идома диҳанд.
Ҳамчунин, мақомоти авиатсионии ду кишвар протоколи дуҷониба ба имзо расониданд, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид дар соҳаи авиатсияи гражданӣ нигаронида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.