Дар Ўзбекистон консепсияи рушди хидматрасонии нақлиётиву логистикӣ таҳия какрда мешавад

    Нақлиёт 24 May 2022 1121

    Дар Ўзбекистон консепсияи рушди хидматрасонии нақлиётиву логистикӣ таҳия какрда мешавад. Дар ин бора муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов хабар дод.

    «Дар доираи ин консепсия системаҳои нақлиётию логистикӣ ва инфрасохтори байни 18 шаҳри калон, 22 миёна ва 80 шаҳри хурд рушд хоҳанд кард», -- гуфт А.Мӯъминов.

    Муовини вазири нақлиёт ҳамчунин гуфт, ки марҳила ба марҳила интиқоли ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии бор (e-Permit, e-TIR, e-CMR) дар формати электронӣ пешбинӣ шудааст.

    Вай гуфт, дар чаҳорчӯби консепсия то 30 дарсад коҳиш додани арзиши ҳамлу нақли бор пешбинӣ шудааст.

    «Ҳамчунин рушди терминалҳои мавҷудаи контейнерӣ дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ ва афзоиши ҳамлу нақли контейнерӣ тавассути роҳи оҳан на камтар аз ду маротиба пешбинӣ шудааст», - гуфт А.Мӯъминов.

    Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳи Ӯзбекистон 21 лоиҳа амалӣ мешавад. Дар айни ҳол имконияти татбиқи 37 лоиҳаи пешомадноки сармоягузорӣ таҳия мегардад, таъкид намуд муовини вазир.

    «Тибқи натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёт дар соли 2021 фоидаи роҳи оҳани Ӯзбекистон нисбат ба соли 2020 - 11 фоиз, соҳаи авиатсия - 62 фоиз, ҳамлу нақли мусофирон тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти ҳавоӣ - 74 фоиз, ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан - ҳашт фоиз, ҳавоӣ - 38 фоиз зиёд шудааст», - таъкид кард А.Мӯъминов.