Бӯстонлиқ аз об ва замини ҳосилхез бой аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳам туризм ва ҳам бахши аграрӣ ҳамоҳанг рушд ёбанд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Чимён дар масоҳати 3 ҳазор гектар парвариши малина, смородинаи сиёҳ, тути заминӣ ва фундук ба роҳ монда мешавад.
Арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 60 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ин маблағҳо боғҳо бунёд мегарданд, корхонаҳои коркарди мева ва анборҳои калон сохта мешаванд. Айни ҳол дар масоҳати 50 гектар навъҳои содиротии малина ва тути заминӣ, ки пурра бо обёрии қатрагӣ таъмин шудаанд, шинонда шудаанд. Аз ҳар гектари малина то 400 миллион сӯм ва аз тути заминӣ то 500 миллион сӯм даромад интизор меравад.
Пас аз пурра ба анҷом расидани лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки, солона тақрибан 24 ҳазор тонна маҳсулот — асосан фундук ва буттамева — рӯёнда, қисми зиёди он содир карда шавад. Муҳимтар аз ҳама, дар боғҳо зиёда аз 12 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил карда мешавад.
Сарвари давлат, бо пуштибонӣ аз ин лоиҳа, зарурати рушди коркарди маҳсулотро таъкид кард. Барои ин муносибати муосир — аз интихоби навъ ва коркарди замин то ҷамъоварӣ ва ҷобаҷогузории меваҳо зарур аст. Ин сифат ва рақобатпазирии маҳсулотро таъмин намуда, мавқеи онро дар бозорҳои содиротӣ тақвият медиҳад. Бо рушди боғ ва пайдоиши корхонаҳо ва хизматрасониҳои ҳамроҳ, мардум метавонанд ба дур нарафта, дар маҳалли худ фаъолият кунанд. Барои онҳо ин манбаи иловагии даромад ва ангезаи рушди иқтисоди минтақа мегардад.
Президент ҳамчунин супориш дод, ки имкониятҳои дигар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва чарогоҳҳо барои ташкили чунин боғҳо мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
– Дар ин боғ меҳнат ва муҳаббат ба замин ба мушоҳида мерасад. Натиҷаи асосӣ — даромад ва фоида барои мардум аст. Ва ин нишондиҳандаҳо нисбат ба зироатҳои анъанавӣ чандин маротиба баландтаранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба мардум бештар парвариши буттамева ва гирифтани даромад аз онҳоро омӯзонем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.