Тавре ки "Узгидромет" хабар медиҳад, бо вуруди ҳавои сард 1-2 октябр дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ борон меборад. 3 октябр дар вилоятҳои водии Фарғона борон меборад, дар баъзе ҷойҳо боришоти шадид пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати ҳаво рӯзҳои 1-3 октябр тадриҷан паст шуда: шабона 3-8, рӯзона то 12-17, дар шимол шабона то 0-5  ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзҳои 2-3 октябр борон, дар баъзе ҷойҳо шадидтар  меборад, дар баландкӯҳҳо мумкин аст борон ба барф мубаддал шавад.

Рӯзҳои 1-2 октябр суръати шамол дар баъзе минтақаҳои кишвар то 17-22 метр дар як сония афзоиш меёбад.