Гуруҳи байналмилалии муҳаққиқон муайян карданд, ки меҳвари гардиши Замин байни солҳои 1993 ва 2010 тақрибан 78,48 сантиметр тағйир ёфтааст. Ин қисман бо истифодаи обҳои зеризаминӣ барои обёрӣ ва оби нӯшокӣ вобаста мебошад. Таҳқиқот дар маҷаллаи Geophysical Research Letters нашр шудааст.

Тибқи ҳисобҳои модели иқлимӣ, коҳиши умумии обҳои зеризаминӣ дар ин давра (1993-2010) ба 2150 гигатон расидааст. Ин ба 6,24 миллиметр болоравии сатҳи баҳр баробар аст.

Муаллифи асосии таҳқиқот, геофизики Донишгоҳи миллии Сеул Сео Ки Вон шарҳ дод, ки тақсимоти дубораи оби зеризаминӣ айни замон дар муқоиса бо дигар омилҳои иқлимӣ ба тағйири қутб таъсири бештар мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, тавассути мушоҳидаи тағйирот дар қутбҳои даврзании Замин метавон фаҳмид, ки захираҳои об дар миқёси қитъаҳо чӣ гуна тағйир меёбанд. Ин маълумот ба экологҳо ва мутахассисони идоракунии захираҳои об барои таҳияи тадбирҳои маҳдудкунии болоравии сатҳи баҳр ва дигар таъсироти иқлимӣ кумак мекунад, хабар додааст naked-science.ru.