Аз 20 март байни Самарқанд ва Шаҳрисабз ҳаракати поезди тезгард ба роҳ монда мешавад

    Нақлиёт 13 Mart 2023 1041

    Аз 20 мартии соли ҷорӣ бинобар хатсайри "Шаҳрисабз – Самарқанд – Шаҳрисабз" ҳарақати қатораи тезгард ба роҳ монда мешавад. Ин қарор ба хотири фароҳам овардани қулайӣ ба мусофирон қабул шудааст.

    Бино ба иттилои маркази матбуоти ҶС “Узтемирйулйӯловчи”, қатораи баландсуръати №7 ҳар рӯз ҳаракат мекунад. Поезд аз Шаҳрисабз соат 07:03 ба роҳ баромада, ба Самарқанд соати 10:54 мерасад.

    Бозгашти рейси №8 аз Самарқанд соати 17:52 ба роҳ баромада, соати 21:22 ба Шаҳрисабз мерасад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates