Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун як марҳилаи муҳими татбиқи яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории минтақа гардида, ба тақвияти ҳамгироии иқтисодӣ ва беҳбудии алоқаи нақлиётии байни ин се кишвар равона шудааст.
Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва маъмуриятҳои роҳи оҳан иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ҳангоми ифтитоҳи маросим аҳамияти таърихии ин лаҳзаро барои ояндаи Осиёи Марказӣ таъкид намуд:
«Долони нави роҳи оҳан ба як ҳалқаи ҷанубии пул дар қитъаи Авруосиё табдил ёфта, роҳро ба бозорҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ғарбӣ ва Наздик мекушояд. Ин масир интиқоли борҳоро аз Чин ба Қирғизистон ва инчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Наздик, аз ҷумла Туркия ва минбаъд ба Иттиҳоди Аврупо таъмин хоҳад кард», – изҳор дошт Садир Ҷапаров.
Садир Ҷапаров инчунин ба ҳукумати Чин ва Ӯзбекистон барои саҳм ва дастгирии доимии онҳо дар татбиқи ин лоиҳаи муҳим изҳори сипос намуд.
Аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев суханронӣ кард. Дар муроҷиати худ Шавкат Мирзиёев ба ҷанбаҳои муҳими лоиҳа диққат дод:
«Ин лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ ҳамкории васеъро дар асоси қарорҳои пешрафтаи муҳандисӣ, инноватсионӣ ва рақамӣ бо риояи меъёрҳои баланди экологӣ пешбинӣ мекунад. Дар масири "Қашқар – Торуғарт – Макмал – Ҷалолобод – Андиҷон" 20 истгоҳ, 42 пул ва 25 нақб сохта мешавад. Ғайр аз ин, инфрасохтори замонавии транзитӣ-логистикӣ, анборҳо ва терминалҳо таъсис дода мешаванд. Ҳаҷми ҳамасолаи боркашонӣ тавассути долони мо то 15 миллион тонна хоҳад расид. Масофа ва мӯҳлати интиқоли бор аз Чин ба кишварҳои Аврупо то чанд ҳазор километр ва тақрибан як ҳафта коҳиш меёбад. Илова бар ин, имконияти ташкили мусофиркашонии мунтазам фароҳам оварда мешавад. Дар оянда пайвастшавии ин хатти роҳи оҳан бо Долони трансафғон имкон медиҳад, ки иртибот ва ҳамбастагии нақлиётӣ-коммуникатсионии Чин, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тақвият ёбад».
Ӯ инчунин ба ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа изҳори сипос намуда, омодагии Ӯзбекистонро барои иштирок дар татбиқи он таъкид намуд:
«Ӯзбекистон ният дорад дар ҳамаи марҳилаҳои сохтмони роҳи оҳан бо истифода аз тамоми захираҳои техникӣ ва зеҳнӣ фаъолона иштирок намояд. Бовар дорам, ки бо талошҳои муштарак ин долони нақлиётӣ ба як рамзи дӯстӣ, шарикӣ ва пешрафти устувори мо табдил хоҳад ёфт. Мехоҳам миннатдории худро ба ҳамкасбони мӯҳтарамам – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Сзинпин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Нургоҷоевич Ҷапаров барои саҳми шахсӣ ва талошҳои фаъолона дар пешбурди лоиҳа изҳор намоям».
Аз номи Раиси ҶМЧ Си Сзинпин раиси Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжэн Шантсзе суханронӣ кард:
«Сохтмони роҳи оҳани транзитӣ қарори стратегии ҳукуматҳои се кишвар мебошад, ки бо мақсади рушди пайвасти минтақавӣ ва мусоидат ба шукуфоӣ ва суботи минтақа қабул шудааст. Ин рӯйдод ҳавасмандии самимии халқҳои се кишварро барои татбиқи лоиҳаи стратегӣ инъикос мекунад. Маросими имрӯзаи оғози сохтмон марҳилаи гузариш аз банақшагирӣ ва тарҳрезӣ ба татбиқи воқеиро нишон медиҳад, ки ин як қадами муҳими расидан ба анҷоми сохтмон ва ба истифода додани роҳи оҳан мебошад».
Интизор меравад, ки сохтмони роҳи оҳан то охири соли 2030 ба анҷом расад ва пас аз он бо иқтидори пурра фаъолияти худро оғоз намояд ва пайвастагии беисти нақлиётии байни Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро таъмин намояд.
Маълумот дар бораи лоиҳаи сохтмони роҳи нави оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон".
Чӣ хеле ки маълум аст, 6 июни соли 2024 дар Пекин Созишномаи ҳамкорӣ байни ҳукумати ҶМЧ, Девони Вазирони ҶҚ ва ҳукумати ҶӮз дар бораи пешбурди муштараки лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон" имзо шуд.
Дар баробари ин, тибқи Ёддошти тафоҳум оид ба қабул намудани асосҳои техникиву иқтисодӣ аз 18 майи соли 2023, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шудааст, масири муттаҳидашудаи "Қашқар – Торугарт – Макмал – Ҷалолобод – Андиҷон" тасдиқ гардид.
Дарозии умумии роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон" 532,53 км-ро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа 20 истгоҳи роҳи оҳан, аз ҷумла 2 истгоҳи сарҳадӣ, 1 истгоҳи борфарорӣ, 4 истгоҳи миёна ва 13 истгоҳи мавҷудбуда ба нақша гирифта шудааст.
Пешбинӣ мешавад, ки 48 пул бо дарозии умумии 16,06 км, 27 нақб бо дарозии умумии 103,63 км сохта шуда, дарозии умумии пулҳо ва нақбҳо 119,69 км-ро ташкил медиҳад ва таносуби онҳо нисбат ба дарозии умумӣ 39,3% мебошад.