Аз аввали сол шаҳрвандони Ӯзбекистон ба зиёда аз 10 миллиард сӯм неруи барқи «сабз»-ро фурӯхтанд

    Энергетика 19 Dekabr 2024 172

    Аз моҳи январ то октябри соли ҷорӣ 6536 шахси воқеӣ аз барномаи амалкунанда истифода бурда, аз Буҷаи давлатӣ ба миқдори 10 миллиард 563 миллион сӯм барои энергияи офтобие, ки ба шабакаҳои барқӣ интиқол дода шудааст (10 млн 563 ҳазор 890 кВт/с) субсид гирифтанд.

    Қисми зиёди субсидияҳо ба минтақаҳои зерин рост меоянд:

    · вилояти Хоразм - 2,4 миллиард сӯм;

    · Ҷумҳурии Қароқалпоқистон - 1,7 миллиард сӯм;

    · шаҳри Тошканд - 1,4 миллиард сӯм.

    Тавре ки хидмати матбуоти Кумитаи давлатии андоз хабар медиҳад, мумкин аст субсидияро тавассути барномаи мобилии Soliq ба корти бонкӣ гузаронанд. Барои ин, аз хидмати «Кешбэк ва имтиёзҳо» дар қисмати «Хонаи офтобӣ», равзанаи «Интиқол ба корти бонкӣ» истифода бурдан лозим аст.

    Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрели соли 2023 тибқи барномаи «Хонаи офтобӣ» барои ҳар як киловатт/соат барқи тавассути панелҳои офтобӣ тавлидшуда, ки дар иншооти шахсони воқеӣ насб шудаанд ва аз истеъмоли худӣ зиёданду ба низоми ягонаи энергетикӣ дода мешаванд, аз Буҷаи давлатӣ барои ҳар киловатт/соат 1000 сӯм субсид дода мешавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates