Дар Ӯзбекистон аз 1 апрел боҷи ҳатмии роҳ барои мошинҳои боркаш ҷорӣ мешавад

    Нақлиёт 30 Dekabr 2023 2098

    Аз 1 апрели соли 2024 дар Ўзбекистон барои мошинҳои боркаш ва притсепҳо пардохти нави пулакӣ эътибор пайдо мекунад.

    Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи андоз, ин ташаббус дар чорчӯби Қонун дар бораи Буҷети давлатии Ӯзбекистон барои соли 2024 тасдиқ шудааст. Ин тадбир ба мошинхое дахл дорад, ки иқтидори борбардориашон аз 10 тонна зиёд аст ва андозаи он ба категорияи вазн вобаста аст.

    Автомобилҳои борбардори зарфияти борбардориашон аз 10 то 25 тонна бояд панҷ арзиши асосии хисоб (ААҲ), ки 1,7 миллион сӯмро ташкил медиҳад, диҳанд.

    Барои мошинҳои борбардориашон аз 25 то 35 тонна пардохт ҳашт ААҲ, ки ба 2,7 миллион сӯм баробар аст ва барои мошинхое, ки иқтидори борбардориашон аз 35 тонна зиёд аст, даҳ ААҲ, яъне 3,4 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

    Тадбири нав барои таъмини устувории молиявӣ ва дастгирии инфрасохтори роҳи кишвар пешбинӣ шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки рӯёндани пардохти ҳатмии пулакӣ ба танзими истифодабарии мошинҳои боркаш кумак карда, барои хидматрасонӣ ва беҳтар гардондани роҳҳо маблағи иловагӣ ҷудо мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates