Дар он стратегияи ислоҳоти миёнамӯҳлат, маъмурияти андози арзиши иловагӣ, андоз аз истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва андоз аз муомилот, инчунин стратегияи фаъолияти Кумитаи андоз ва Санҷиши байниминтақавии андоз оид ба андозсупорандагони калон дар солҳои наздик баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва такмили маъмурияти андоз барои мубориза бо иқтисоди сояагӣ табодули афкор сурат гирифт.
Мулоқот бо коршиносони хориҷӣ дар чаҳорчӯби барномаи ин намояндагӣ то 22 апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард.