Павилони Ӯзбекистон дар ЭКСПО дар Осака “Барои мавзӯъҳои ифшошуда” соҳиби медали тилло гардид

    Фарҳанг 13 Oktabr 2025 2871

    Роҳбари Администратсияи Президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева, аз даста ва шарикони байналмилалӣ барои илҳом, касбият ва эътимод ба лоиҳаи павилони Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии ЭКСПО дар Осака, ки бо ҷоизаи олӣ сарфароз гардид, изҳори сипос намуд.

    «Мехоҳам хабареро, ки боиси шодии бузург аст, бо шумо баҳам бинам: павилони Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии ЭКСПО дар шаҳри Осака бо баландтарин ҷоиза дар категорияи худ — медали тилло дар номинатсияи “Беҳтарин ифшои мавзуъ” сарфароз гардид.

    Мо консепсияи “Боғи донишҳо: озмоишгоҳ барои ҷомеаи оянда”-ро муаррифӣ намудем, ки ҳамоҳангии анъанаҳо ва навовариҳоро инъикос мекунад, ва ин ғоя дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кси садоивасеъ пайдо кард.

    Аз самими дил ба тамоми даста ва шарикони байналмилалии худ барои илҳом, касбият ва боварӣ ба ин лоиҳа изҳори миннатдорӣ менамоям», — навиштааст Саида Мирзиёева дар канали Telegram-и худ.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates