Лоиҳаҳо ба шаҳри замонавӣ табдил додани Самарқанд, баланд бардоштани бароҳатии ҳаёти аҳолӣ, фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорон, рушди соҳаи сайёҳӣ нигаронда шудааст.

Тавре маълум аст, дар солҳои наздик дар назар аст Самарқанд ба шаҳри миллионҳо табдил дода шавад. Барои ин ба таркиби шаҳр ҳудудҳои алоҳидаи ноҳияҳои ҳамсоя дохил карда мешавад. Идораҳои давлатӣ ва хадамоти маъмурӣ ба берун аз маркази таърихӣ кӯчонида мешаванд. Сохтани 2 нақб ва 2 кӯпрук пешбинӣ шудааст.

Дар соҳаи сайёҳӣ – дар яке аз драйверҳои асосии иқтисодиёти Самарқанд – бо кор таъмин кардани 40 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст. Бо роҳи ба хаби туристии мамлакат табдил додани вилоят дар панҷсолаи ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонии туристӣ 10 баробар зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, беш аз  600 меҳмонхонаҳо ва хонаҳои меҳмонӣ ташкил карда мешаванд.

Бузургтарин лоиҳа дар ин соҳа маркази тиҷорат ва сайёҳии Самарқанд мебошад. Маҷмӯъе, ки дар масоҳати 212 гектар бунёд мешавад, аз маркази конгресси байналмилалӣ, корвонсаройи «Шаҳри абадӣ», 8 меҳмонхона, иншооти рекреатсионӣ ва фароғатӣ, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва обанборҳои сунъӣ иборат хоҳад буд. Дар ин ҷо бештар аз 5 ҳазор кас бо кор таъмин карда мешавад.

Дар маҷмуъ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои пешбинишуда дар назар аст, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ ба минтақа дар як сол ба 5 миллион нафар расонида шавад.

Зимни муаррифӣ ҷанбаҳои амалии лоиҳаҳо, тадбирҳо оид ба босифат сохтани иншоотҳо бо истифода аз ҳалли замонавӣ баррасӣ шуданд.