Ҳавопаймои DHL дар Вилнюс ба хонаи истиқоматӣ афтид

    Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳавопаймо чор нафар буданд.

    Ҳавопаймои боркаш дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Вилнюс (Литва) сарозер шуд. Намояндаи фурудгоҳ Марюс Зелянюс дар эфир ба радиои миллии LRT хабар дод, ки ҳавопаймо ба бинои истиқоматӣ бархӯрдааст.

    "Ҳавопаймои ширкати DHL ба хонаи истиқоматии дуошёна сарозер шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили он ду сарнишин ва ду корманди ширкат буданд," - гуфт ӯ.

    Яке аз сарнишинон наҷот ёфтааст. Маълумот дар бораи дигарон ҳанӯз дастрас нест. Дар ҷои ҳодиса сӯхторнишонҳо кор карда истодаанд. То ҳол маълум нест, ки дар хона одамон буданд ё не.

    Ҳавопаймо аз Лейпциг ба Вилнюс парвоз мекард, хабар медиҳад tass.ru.