Ширкати ҷаҳонии ҳавонавардӣ Embraer дар намоишгоҳи Singapore Airshow расман эълон кард, ки Ӯзбекистон фармоишгари ҳавопаймои нақлиётии C-390 Millennium мебошад. Пештар дар бораи ин фармоиш хабар дода мешуд, вале номи харидор ифшо нагашта буд, омадааст дар сомонаи расмии Embraer.
Ҳавопаймо барои амалиётҳои нақлиётӣ ва гуманитарии неруҳои ҳавоии кишвар истифода мешавад, ки қобилиятҳои истеҳсолӣ ва амалиётии онҳоро тақвият медиҳад. Бо ин Ӯзбекистон ба аввалин кишвари Осиёи Марказӣ табдил меёбад, ки C-390 Millennium — ҳавопаймое, ки ба гуфтаи намояндагони Embraer «бозори авиатсияи ҳарбии нақлиётиро дигаргун месозад», — ба истифода мегирад.
C-390 Millennium, ки дар асри XXI таҳия ва тарҳрезӣ шудааст, яке аз муосиртарин ҳавопаймоҳои ҳарбии нақлиётӣ дар синфи худ ба ҳисоб меравад. Он метавонад то 26 тонна борро интиқол диҳад, то 470 гиреҳ суръат гирад ва нисбат ба дигар ҳавопаймоҳои миёнаи нақлиётии ҳарбӣ масофаҳои дарозро тай намояд.
Ҳавопаймо барои иҷрои доираи васеи вазифаҳо пешбинӣ шудааст: интиқоли бор ва ҳайати шахсӣ, десанткунии техника ва кормандон, эвакуатсияи тиббӣ, ҷустуҷӯ ва наҷот, хомӯш кардани сӯхторҳо ва амалиётҳои гуманитарӣ. C-390 метавонад аз роҳравҳои фурудии муваққатӣ ё омоданашуда низ истифода барад.
Конфигуратсияи ҳавопаймо бо имкони насби таҷҳизоти пур кардани сӯзишворӣ дар ҳаво (таҳти таъиноти KC-390) имкон медиҳад, ки он ҳам чун танкер ва ҳам чун қабулкунандаи сӯзишворӣ истифода шавад. Millennium пурра бо инфрасохтори НАТО мутобиқ аст ва махсусан барои амалиётҳо дар доираи консепсияи Agile Combat Employment (ACE) мувофиқ мебошад.
Айни ҳол, C-390 Millennium дар неруҳои ҳавоии Бразилия, Португалия, Маҷористон, Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд, Австрия, Чехия, Шветсия, Словакия ва Литва истифода мешавад ва барои иҷрои вазифаҳои тактикӣ ва стратегӣ эътимоднокӣ, универсалӣ ва самаранокии баланд пешниҳод мекунад.