Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалии кикбоксинг дар Деҳлӣ 34 медал ба даст овард

    Варзиш 12 Fevral 2024 918

    Варзишгарони Ӯзбекистон дар мусобиқаи кушодаи байналмилалии Ҳиндустон, ки ба тақвими Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷаҳонии кикбоксинг (World Association of kickboxing organisatios - WAKO) дохил шудаанд, бомуваффақият баромад карданд.

    Намояндагони кишвари мо дар мусобиқоти байни занону мардон дар бахшҳои гуногуни кикбоксинг, ки дар ринг ва рӯи татами баргузор шуданд, 34 медал ба даст оварданд. Варзишгарони ӯзбекистонӣ 24 маротиба ба зинаи баландтарини шоҳсуфа баромаданд ва инчунин соҳиби 7 медали нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.

    Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мақоми дувумро касб кард. Ғалаба насиби мизбонон ва ҷойи сеюм насиби намояндагони Қазоқистон гардид.

    -- Дар ин мусобиқа 950 варзишгар аз 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 38 нафар устодони кикбоксинг аз Ӯзбекистон ширкат доштанд, - гуфт раиси Ассотсиатсияи кикбоксингҳои Ӯзбекистон Ойбек Нарметов. — Дар мамлакати мо дар қатори дигар спорт кикбоксинг низ босуръат инкишоф меёбад. Ин далели таваҷҷуҳи бузурги роҳбарияти мамлакати мо ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад. Аъзоёни командаи мо комёбиҳои худро дар арсаи байналхалқӣ афзун мегардонанд ва мо боварӣ дорем, ки ин асоси натиҷаҳои баланди минбаъдаи чемпионатҳои ҷаҳон мегардад.

    WAKO бо дарназардошти сатҳи рушди кикбоксинг дар кишвари мо, имсол ба мусобиқаи байналмилалии кушоди Ӯзбекистон мақоми Ҷоми ҷаҳониро дод. Имкониятҳои баргузории яке аз чемпионатҳои ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш дар солҳои наздик дар Ӯзбекистон низ мавриди омӯзиш қарор доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates