Дар рӯзи ниҳоии мусобиқот Ҷавоҳир Ҷаҳонгиров миёни писарони то 14-сола (барномаи ката) ба зинаи баландтарини шоҳсуфа баромад. Ҳамчунин, боз як намояндаи мо Солиҷон Соибов (-50 кг) медали биринҷӣ гирифт.
Бояд гуфт, ки каратэчиёни мо ба ҷуз аз медалҳои Лигаи ҷавонон дар роҳ ба чемпионати ҷаҳон ба ҳисоби худ холҳои арзишманди рейтингӣ зам карданд.