Дар рӯзи охирини мусобиқот ҳамватанони мо дар гӯштии юнониву румӣ ду ҷойи севумро касб карданд. Умидҷон Ҷалолов дар вазни то 65 кило ба даври нимфинал роҳ ёфта, аз Вазген Теваняни арманӣ шикаст хӯрд. Аммо, вай дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Эдеми Болквадзе аз Гурҷистон пирӯз шуд.
Ҳамчунин, барандаи медали Бозиҳои олимпии Токио-2020 Бекзод Абдураҳмонов ба зинаи сеюми шоҳсуфа баромад. Ӯ дар мубориза барои ҷои севум бар Арман Авагян аз Арманистон пирӯз шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти КМО, паҳлавони тарзи озод Ҳасанбой Раҳимов дар вазни -125 кг дар рӯзи аввали мусобиқот медали биринҷӣ ба даст овард.