Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба муборизаи тан ба тан мақоми аввалро касб кард

    Варзиш 24 Noyabr 2023 1729

    Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар мусобиқоти умумидаставии даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии муборизаи тан ба тан, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Гвардияи миллӣ.

    Дар мусобиқаҳои байналхалқӣ қариб 300 нафар варзишгарон аз 30 мамлакат иштирок намуданд. Бинобар натиҷаҳои мусобиқот намояндагони Ӯзбекистон 23 медали навъҳои мухталиф (7 тилло, 4 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварда, дастаро ба зинаи аввали шоҳсуфа бароварданд.

    «Варзишгарони дастаи мо ба дӯстдорони варзиш набардҳои зебою ҳаяҷонбахши пур аз вазъиятҳои пуршиддат пешкаш намуданд», - қайд карданд дар Гвардияи миллӣ.

    Дастаи Федератсияи Русия ҷои дуюм ва варзишгарони Осетияи Ҷанубӣ ҷойи сеюмро гирифтанд.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates