Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро самимона истиқбол гирифта, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.
Сурудҳои миллии ду давлат садо доданд. Таҳти садои оркестри ҳарбӣ роҳбарон аз назди сафи қаровули фахрӣ гузаштанд. Аъзои ҳайатҳои расмиро истиқбол карданд.
Пас аз аксбардории муштарак, музокироти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳо оғоз гардид.








