ХБД дар вилоятҳои Тошканд ва Қашқадарё пеши роҳи фурӯши ғайриқонунии заминро гирифт

    Бехатарӣ 3 Noyabr 2021 832

    Дар рафти чорабинии фаврӣ, ки кормандони Хидмати бехатарии давлатӣ якҷоя бо раёсати Департаменти мубориза бар зидди ҷиноёти иқтисодии шаҳри Тошканди назди Прокуратураи генералӣ гузаронд, факти марбут ба қаллобӣ фош карда шуд.

    Аз ҷумла, сокини соли таваллудаш 1981 шаҳри Тошканд, ки бо воридоти мошинҳо аз хориҷ ва фурӯши он машғул буд, бо раиси хоҷагии фермерии ноҳияи Юқори-Чирчиқи вилояти Тошканд забон як карда, аз шаҳрванд барои ба номи ӯ азнаврасмигардонии 16,5 гектар замини обёришавандаи хоҷагии мазкур 600 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст. Онҳо инчунин ба ин кор шарики соли таваллудаш 1987-ро ҷалб намудаанд.

    Дар рафти чорабинии фаврӣ шаҳрвандон ҳангоми гирифтани маблағи дархостшуда дастгир карда шуданд.

    Ду нафар сокини шаҳри Тошканди соли таваллудашон 1963 ва 1975 ба шаҳрванд, ки мехост бо соҳибкорӣ машғул шавад, ваъда дода буданд, ки дар ҷудо кардани 1000 гектар замин барои рӯёндани чунин растании "коврак" аз ҳудуди хоҷагии ҷангали ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё кӯмак мекунанд ва барои хидматашон 300 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд.

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ дар шаҳри Қаршӣ аз ҷониби кормандони Хидмати амнияти давлатии вилояти Қашқадарё якҷоя бо прокуратураи вилоят ва раёсати ҳудудии Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ ин шахсон ҳангоми гирифтани маблағи таъиншуда дастгир карда шуданд. Зимни тафтиши пешакӣ маълум гардид, ки онҳо барои бар ивази 80 ҳазор доллари ИМА ҳал намудани ин масъала бо як шаҳрванди қаблан судшудаи соли таваллудаш 1988 дар шаҳри Қаршӣ, ки ҳоло дар шаҳри Тошканд истиқомат намуда, ба овозхонӣ машғул аст, гуё худро инспектори Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал муаррифӣ кардааст, мувофиқат кардаанд. Тадбирҳои оперативӣ идома дода шуда, ин шаҳрванд ҳангоми гирифтани 24 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун пешпардохт дар шаҳри Тошканд дастгир карда шуд, хабар медиҳад УзА.

    Феълан нисбати муттаҳамон бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates