ХДА Ӯзбекистон кормандони Агентии муҳоҷиратро барои қаллобӣ бобати бо ҷойи кор таъмин кардан дар Кореяи Ҷанубӣ боздошт кард

    Бехатарӣ 27 Avgust 2025 1323

    Бо мақсади мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пешгирии афтидани шаҳрвандони мо ба ҳолатҳои душвор дар хориҷ, кормандони Хадамоти давлатии амният амалиёти фаврӣ гузарониданд.

    Аз ҷумла, мутахассиси пешбари филиали Намангони Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирон, аз мансаби худ истифода бурда, бо роҳи фиреб эътимоди гурӯҳи шаҳрвандонро ба даст оварда, аз онҳо 41 ҳазор доллари ИМА барои фиристодан ба кори Кореяи Ҷанубӣ гирифтааст. Ӯ бо далелҳои шайъӣ боздошт гардид.

    Дар ҷараёни санҷиши пешакӣ муайян карда шуд, ки фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷониби ӯ ҳамроҳ бо мутахассиси пешбари дастгоҳи марказии Агентӣ анҷом дода мешуд. Дар ҷараёни амалиёти минбаъда ҳамин корманд низ ҳангоми гирифтани 15 ҳазор доллари ИМА аз маблағи зикршуда боздошт шуд.

    Илова бар ин, маълум гардид, ки ин кормандони Агентӣ ҳанӯз соли 2024 аз зиёда аз 80 шаҳрванд беш аз 700 ҳазор доллари ИМА гирифта, гӯё барои фиристодан ба Корея ваъда дода буданд, аммо то ҳол ваъдаҳои худро иҷро накардаанд.

    Дар асоси ҳолати мазкур аз ҷониби Идораи тафтишотии ХДА нисбат ба шахсони зикршуда бо моддаҳои 168 ва 28, 211 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Айни ҳол корҳо оид ба муайян намудани дигар иштирокчиёни гурӯҳи ҷиноятӣ ва ҷалби онҳо ба тафтишот идома дорад.

    Хадамоти давлатии амният ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар бораи ҳар гуна пешниҳодҳои шубҳанок, ки ба масъалаи ҷойи кор дар хориҷ вобастаанд, метавон ба «Call-марказ»-и ХДА тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар дод.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates