Сарвари кишвари мо ба Президенти АМА саломатии мустаҳкам ва некуаҳволӣ, дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои бузург, инчунин мардуми дӯсти Аморат сулҳ ва шукуфоӣ таманно кард. Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин якдигарро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки сафари Президенти Ӯзбекистон ба АМА дар моҳи январи соли ҷорӣ дар таърихи муносибатҳои дуҷониба марҳилаи навро боз намуда, онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонидааст. Барои татбиқи пурраи созишномаҳои ҳосилшуда «харитаи роҳ»-и махсус қабул гардидааст.
Роҳбарон аз рушди босуръати ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Аморат, бахусус дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳаҷми мубодилаи мол ва сармоягузориҳо пайваста афзоиш ёфта, инчунин шумораи корхонаҳои муштарак зиёд мегардад.
Дар доираи маҷмӯи ҷории лоиҳаҳо ба маблағи 20 миллиард доллар бо ширкатҳои пешбари Аморат дар самтҳои калидӣ, аз ҷумла энергетикаи «сабз», рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, шаҳрсозӣ ва инфрасохтор, сайёҳӣ ва тиҷорати хусусӣ , ҳамкории фаъол ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, масъалаи баргузории ҳамоиши дуюми муколамаи «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ» дар шаҳри Самарқанд баррасӣ гардид.