Ба вазифаи раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон номзадии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод шуд ва якдилона интихоб гардид.
Инчунин, дар Ассамблеяи генералӣ Отабек Умаров ба вазифаи муовини аввали раиси кумита, Шерзод Ташматов ба вазифаи муовини раиси кумита ва Ойбек Қосимов ба вазифаи котиби генералии кумита интихоб шуданд.
Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, роҳбари департаменти Маъмурияти Президент Одил Абдураҳмонов, вазири варзиш Адҳам Икромов, аъзои Ассамблеяи генералӣ ва инчунин намояндагони федератсияҳо ва ассотсиатсияҳо иштирок доштанд.