Шавкат Мирзиёев бо интихобкунандагони навоигӣ вохӯрӣ баргузор намуд

    Интихоботи 13 Oktabr 2021 3425

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 октябр бо интихобкунандагони вилояти Навоӣ вохӯрд.

    Вохӯриро шахси боэътимоди номзад дар вилоят К. Санақулов кушод. Шавкат Мирзиёев барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ кард.

    Дар барнома даҳ самти фаъолият оид ба рушди ҳамаҷонибаи кишвар, таҳкими волоияти қонун, сулҳ ва оромӣ муайян шудааст. Аз ҷумла, нақшаи панҷсолаи рушди ноҳияҳо ва шаҳрҳо, деҳот ва маҳаллаҳо, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ дар вилояти Навоӣ дар асоси истифодаи пурраи имконоти бузурги минтақа таҳия шудааст.

    Пеш аз ҳама ба чораҳои омӯзиши касбии аҳолӣ дахл карда шуд. Барои ин дар пойгоҳи Донишкадаи куҳкании Навоӣ Донишгоҳи политехникӣ таъсис дода мешавад, ки қодир аст қариб 15 ҳазор донишҷӯро қабул намояд. Дар маҷмӯъ, дар панҷ соли оянда тақрибан 60 000 ҷавонон ва бекорон ба касбу ҳунар ва тиҷорат омӯзонида мешаванд.

    Инчунин, барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ ҳадафҳои бузург гузошта шудаанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки бино бар таҷрибаи ноҳияи Бағдод манзилҳои биёрошёнаи 4 ҳазор ҳуҷрадор дар шаҳри Навоӣ ва 14 ҳазор ҳуҷрадор дар ноҳияҳо, Шаҳраки саноатӣ дар Зарафшон ва мавзеи "Ӯзбекистони Нав" дар Кармана бунёд карда шаванд. Дар панҷ соли оянда бунёди беш аз 1000 километр шабакаҳои оби нӯшокӣ, 5000 километр шабакаҳои барқ ​​ва 6000 километр шоҳроҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Барномаи номзад рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши содиротро ҳамчун афзалиятҳои асосӣ муайян мекунад. Дар панҷ соли наздик дар вилояти Навоӣ татбиқи 2,2 ҳазор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 9 мимллиард доллар вап созмон додани 75 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Бунёди кластери кимиёвии газ ба маблағи 3,4 миллиард доллар ва ба кор даровардани ҳафт нерӯгоҳи барқӣ ба маблағи тақрибан 3 миллиард доллар аз ҷумлаи онҳост.

    Дар натиҷаи татбиқи 120 лоиҳаи калонҳаҷм дар соҳаи нассоҷӣ 27 ҳазор ҷойҳои корӣ ва дар соҳаи чарм ва пойафзол 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар натиҷаи 68 лоиҳа таъсис дода мешаванд. Дар соҳаи истихроҷи маъдан татбиқи 52 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 7 ҳазор нафарро бо кор таъмин хоҳанд кард.

    Умуман, аз ҳисоби иқтидорҳое, ки дар панҷ соли оянда ба истифода дода мешаванд, ҳаҷми содироти минтақавӣ 6 маротиба - то 900 миллион доллар афзоиш меёбад.

    Инчунин созмон додани 70 ҳазор ҷойи нави корӣ аз ҳисоби дастгирии соҳибкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ин ба ҳар як маҳалла ёвари ҳоким вобаста карда шуда, ба аҳолӣ дастгирии ташкилӣ ва молиявӣ мерасонад. Ҳар сол дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ беш аз 500 миллиард доллар ҷудо карда хоҳад шуд.

    Вазифаҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ баррасӣ шуданд. Нақшаҳо оид ба ҳамворкунии лазерии майдонҳои кишт, беҳтар намудани таъминот бо об, васеъ кардани боғдорӣ ва чорводорӣ эълон карда шуданд.

    Тадбирҳои дарпешистодаи сохтмони муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ низ қайд карда шуданд.

    Умуман барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Навоӣ дар панҷ соли наздик аз буҷаи давлатӣ 40 триллиолн сӯм ҷудо карда шуда, ҷамъулҷамъ 180 ҳазор ҷойҳои нави корӣ созмон дода мешаванд.

    - Имрӯз замони ҳаракати доимӣ, замони муборизаи воқеӣ аст. Дар ин мубориза мо бояд дар қатори ғолибон бошем. Агар мо бо чунин дилпурӣ зиндагӣ ва кор кунем, натиҷа ҳосил мешавад. Дар Ӯзбекистони маҳбуб бояд ҳатман ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёбад. Дар муваффақ гардидан ба ин мақсадҳо ман чун тамоми халқамон ба сокинони Навоӣ такя мекунам, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Бо иштироккунандагони маҷлис, интихобкунандагоне, ки дар студияҳои ноҳиявӣ ҷамъ омадаанд, суҳбати самимона барпо гардид. Онҳо дар бораи имконоти рушди минтақа ва мушкилоти ҷойдошта андешаҳои худро иброз доштанд. Шавкат Мирзиёев ваъда дод, ки пешниҳодҳои садододаро ба барномаи худ ворид сохта, татбиқ хоҳад кард.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates