Дар ин бора шабакаи телевизионии BFMTV бо такя ба изҳороти Қасри Елисей хабар додааст.
«Президенти ҷумҳурӣ Себастян Лекорнуро сарвазир таъин кард ва ба вай вазифаи ташаккул додани хукуматро супурд», — гуфта мешавад дар изҳороти мухтасар, бе тафсилоти бештар.
Лекорну, ки пас аз истеъфо эълон карда буд, ки "рисолати ӯ анҷом шудааст" ва ба мақоми сарвазир барнамегардад, зуд таъйинро дар саҳифаи худ дар Х тасдиқ кард. Сиёсатмадор гуфт, ки ӯ пешниҳоди сарвари давлатро "бо ҳисси масъулият" қабул кардааст, ки то охири сол тарҳи буҷетро таҳия кунад ва ба бӯҳрони сиёсие, ки "мардуми Фаронсаро хашмгин мекунад" ва "обрӯи Фаронсаро латма мезанад" хотима бахшад. "Ман ҳама корро мекунам, то ки ин миссия бомуваффақият анҷом ёбад" навиштааст ӯ.
Сарвазири навтаъин ҳушдор дод, ки ӯ метавонад танҳо дар асоси шартҳои муайян вазифаҳои худро иҷро кунад, хабар медиҳад report.az.
Барои ин, аввало зарур аст, то ҳамаи масъалаҳое, ки дар машваратҳои охир бо роҳбарони ҳизбҳо баррасӣ шуданд, ба парлумон пешниҳод карда шаванд. Ӯ тавозуни буҷетро самти дуюми афзалиятноки фаъолияти худ номид ва таъкид кард, ки “ҳеҷ кас аз ин зарурат наметавонад гурезад.” Ниҳоят, Лекорну умедвор аст, то ҳукумати наве, ки ба қарибӣ таъсис меёбад, бояд “навсозӣ ва гуногунии ваколатҳоро дар худ ҷамъ кунад.”