Дар мулоқот самтҳои асосии густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ин ширкати пешсафи ҷопонӣ баррасӣ гардиданд.

Аҳамияти суръат бахшидани татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқии буғу газӣ дар вилояти Сирдарё бо дарназардошти афзоиши талабот ба неруи барқ таъкид шуд.

Ба чунин лоиҳаҳои афзалиятнок, аз қабили сохтмони беморхонаи бисёрсоҳа, фурудгоҳи нави байналмилалии шаҳри Тошканд, неругоҳи барқии бодӣ ва дигар тарҳҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Ташаббусҳо оид ба навсозии клиникаҳои тиббӣ ва объектҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, таъсиси долони фаромарзии энергияи "сабз”, таҷдиди истгоҳҳои компрессории газ дар минтақаҳои кишвар, инчунин иштироки корпоратсия дар таъсиси минтақаи махсуси иқтисодӣ барои сармоягузорони ҷопонӣ дастгирӣ ёфтанд.