Мулоқоти онлайни гурӯҳи парлумонии «Олмон - Осиёи Марказӣ» баргузор гардид

    13 феврал мулоқоти онлайнии гурӯҳи парлумонии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ бо Бундестаги Германия ва гуруҳи парлумонии Бундестаги «Олмон – Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлис Содик Сафоев, сенаторон, раиси гурӯҳи парлумонии Бундестаги «Олмон – Осиёи Марказӣ» Ойген Шмидт ва аъзоёни ин гурӯҳ иштирок карданд.

    Тавре маълум аст, соли 1994 гурӯҳи порлумонии "Олмон – Осиёи Марказӣ" таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳ барои шаш давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Муғулистон масъул аст.

    Зимни мулоқот корҳо ҷиҳати рушд ва таҳкими робитаҳо байни Бундестаги Олмон ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, омӯзиши таҷрибаи низоми парлумонии Олмон дар самти дастгирии волоияти қонун ва бунёди сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.

    Зимни муҳокима С.Сафоев аҳамияти корҳоеро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байни парлумонҳои Ӯзбекистон ва Олмон, инчунин муносибатҳои дӯстонаи байни гурӯҳҳои парлумонӣ нигаронида шудаанд, таъкид намуд.

    Дар натиҷаи мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки дар доираи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ муколамаи мунтазам баргузор карда, ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ворид сохда, масъалаҳои амнияти энергетикӣ, экология, ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва соҳаҳои гуманитарӣ мавриди муҳокима қарор дода шаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates