Дар оғози суҳбат таъкид гардид, ки тӯли солҳои охир ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба таври назаррас фаъол гардида, эътимоди мутақобила ва муносибатҳои дӯстона то сатҳи шарикии стратегӣ расидааст.

Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихӣ, анъанавӣ ва фарҳангӣ, ки ду халқи дӯстро ба ҳам мепайвандад, дар рушди робитаҳои байнидавлатӣ нақши муҳим доранд.

Инчунин, тарафҳо ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва рушди муносибатҳои тиҷорати байни доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар рафти мулоқот гуфта шуд, ки соли 2026 Соли фарҳанг, илм ва инноватсияҳои байни Ӯзбекистон ва Венгрия эълон гардида, ҷонибҳо масъалаҳои баргузории як қатор чорабиниҳои бузургро дар ҳар ду кишвар баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бобати рушди муттасили муносибатҳои байнипарлумонӣ ва иҷрои тавофуқоте, ки дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ҳосил шудаанд, мубодилаи афкор намуданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сенати Олий Маҷлис.