Раиси ПСС Ӯзбекистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Эстония мулоқот анҷом дод

    28 марти соли равон Раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Д.Ваҳабов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Нур-Султон Тоомас Тирс мулоқот намуд.

    Дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои соҳибкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Эстония баррасӣ шуданд.

    Зимни мулоқот ба ҷониби хориҷӣ дар бораи имкониятҳои иқтисодӣ ва иқтидори сармоягузории кишвар маълумот дода шуд. Ба рушди технологияҳои иттилоотӣ дар кишварамон таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд Ҳамчунин зарурати ҳамкорӣ дар табодули таҷриба дар татбиқи саноати нассоҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ, инчунин дар соҳаи кишоварзӣ қайд карда шуд.

    Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония Т.Тирс қайд кард, ки солҳои охир дар муносибатҳои байни Эстония ва Ӯзбекистон тамоюли мусбат мушоҳида мешавад. Равобит дар соҳаҳои иқтисодиёт ва маданият ба таври намоён мустаҳкам гардиданд. Вай ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ кард, ки таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ густариши равобити иқтисодӣ ҳамкории байни Палатаҳои савдо ва саноати ду кишварро, ки платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошанд, тақозо мекунад.

    Ба ин муносибат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои доираҳои тиҷоратии ду кишварро баррасӣ карданд.

    Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ба ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рушди муносибатҳои байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори умедворӣ намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates