Бо вазири банақшагирӣ ва рушди иктисодии Ҷумҳурии Мисри Араб вохурӣ барпо гардид

    4 сентябри соли равон муовини Сарвазир -- вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҷамшид Кӯчқоров дар Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо вазири банақшагирӣ ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Ҳала Эл -Саид мулоқот намуд.

    Дар вохӯрӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Илҳом Норқулов, директори Агентии рушди соҳибкорӣ Ботир Ахмедов, аз ҷониби меҳмонон, Мушовири вазири банақшагирӣ, сардори шӯъбаи макроиқтисодӣ доктор Нада Масъуд, роҳбари раёсати техникии Вазорати банақшагирӣ ва рушди иқтисодӣ Камали Наср, муовини сардори намояндагиҳо Муҳаммад Суккарӣ ва дигар мутахассисон иштирок карданд.

    Мавзӯи асосии ҷаласа муҳокимаи чораҳо оид ба рафъи оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пас аз пандемия аз коронавирус буд. Тарафҳо инчунин дар бораи ислоҳоти солҳои охир дар соҳаҳои гуногун суханронӣ карданд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ.

    Ҷониби Ӯзбекистон ба меҳмонон дар бораи ислоҳоти панҷ соли охир маълумот дод ва дар бораи нақшаҳои минбаъда барои солҳои оянда илова намуд. Аз ҷумла, ислоҳоти либерализатсия, ислоҳоти андоз, нақшаҳои паст кардани инфлятсия, лоиҳаҳои ҷории СДХ ва ғайра эълон карда шуданд.

    Ҳамзамон, намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб як қатор чораҳоеро, ки барои дастгирии устувории иқтисодӣ дар кишвари худ дар муқобили COVID-19 андешидаанд, номбар карданд.

    Мулоқот дар фазои гарм ва созанда сурат гирифт ва имкон дод, ки дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавҷуда ва нав ба мувофиқа расанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates