Ғайр аз ин, ин нафари «корчаллон» вобаста ба мансабу мақоми кор ба таври худ нарх муайян карда, барои ба сафи сарбозони оддӣ дохил кардан 1500 доллар ва ба мансаби афсарон 2000 доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Дар рафти амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби Садорати Хадамоти амнияти давлатии вилояти Хоразм дар ҳамкорӣ бо департаменти назди Прокуратураи генералӣ ва Садорати корҳои дохилӣ гузаронида шуд, корманди “корчаллон”-и адлия, ки тавассути миёнарав 1900 доллари амрикоӣ ва 1 миллиону 295 ҳазор сӯм мегирифт, боздошт шуд.

Дар амалиёти фаврии дигар, ки дар вилояти Қашқадарё гузаронида шуд, як корманди шуъбаи Садорати посбонии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Қаршӣ ҳангоми аз сокини ноҳияи Косон гирифтани 2000 доллари амрикоӣ бо ваъдаи тавассути шиносҳои расмии худ дар Садорати корҳои дохилии вилоят ба кор ҷойгир кардан, аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва Садорати корҳои дохилӣ боздошт шудааст.

Ҳоло алайҳи ин афрод аз рӯи ҳарду парванда бар асоси моддаҳои 168 (қаллобӣ) ва 28, 211 (ришва)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.