Мутахассисони Агентии оид ба карантин ва ҳифзи растаниҳои Ӯзбекистон дар Британияи Кабир такмили ихтисос карданд

    Дар Маркази байналмилалии кишоварзӣ ва биоилмҳо (Centre for Agriculture and Bioscience International, CABI) дар пойтахти Британияи Кабир маросими супурдани сертификатҳо ба 11 нафар мутахассисони Агентии оид ба карантин ва ҳифзи растаниҳои Ӯзбекистон, ки курси дуҳафтаинаи такмили ихтисосро хатм кардаанд, баргузор шуд.

    Дар доираи курсҳо мутахассисони Ӯзбекистон бо фаъолияти CABI шинос шуда, оид ба масъалаҳои мубрами карантини растаниҳо, инчунин баланд бардоштани самаранокии ташхиси лаборатории ҳашароти зараррасони растанӣ, аз ҷумла вирусҳо, замбуруғҳо ва дигар бемориҳо табодули афкор намуданд. Алоҳида, бо коршиносони пешбари бритониёӣ аз Агентии илмии таҳқиқоти ғизо ва муҳити зист (Food fnd Environment Research Agency) дар шаҳри Йорк, инчунин хадамоти карантини Бритониё вохӯриҳо ташкил карда шуданд.

    CABI як созмони байниҳукуматӣ буда, муассисаҳои илмӣ ва олимони 49 кишвари ҷаҳонро муттаҳид намуда, яке аз муассисаҳои пешқадам дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо эътироф шудааст.

    Дар доираи иштирок дар маросими супурдани шаҳодатномаҳо мулоқоти дипломатҳои сафорати Ӯзбекистон бо директори генералии CABI Даниел Элгер баргузор гардид.

    Дар рафти мулоқот ӯ қайд кард, ки мамлакатҳои аъзои CABI дигаргуниҳои васеъмиқёсро, пеш аз ҳама дар соҳаи дастгирии давлатии хоҷагиҳои фермерӣ бо мароқи калон мушоҳида менамоянд. Яке аз натиҷаҳои амалии ин васеъ шудани ҷуғрофиё ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ӯзбекистон буд.

    Ҷонибҳо масъалаҳои васеъ намудани интиқоли маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистонро ба бозори Британия ва таъмини мутобиқати онҳо ба меъёрҳои фитосанитарӣ, ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи карантини растанӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сертификатсияи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин масъалаҳои якҷоя гузарондани тадқиқоти илмӣ ва чопи мақолаҳоро баррасӣ намуданд.