Ӯзбекистон – Исроил: уфуқҳои нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ботаника

    Илм 26 Yanvar 2022 1406

    26 январи соли 2022 дар Донишкадаи ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти директори донишкада Даврон Деҳқонов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Исроил дар Ӯзбекистон хонум Зеҳавита Бен Хиллел баргузор гардид.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологии наботот, истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ ва густариши ҳамкориҳои илмию амалӣ дар соҳаи ботаника байни Донишкадаи ботаника ва Боғи ботаникии Байтулмуқаддас табодули афкор намуданд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи имзои як меморандум дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд, ки табодули тухмӣ ва парвариши онҳо, ташкили намоишгоҳи набототи Исроил дар Боғи ботаникии Тошканд, татбиқи лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ва табодули таҷриба дар ин соҳаи ҳифзи гуногунии биологиро дар бар мегирад.