Дар Ӯзбекистон барои фермерон лоиҳаи бузургтарини таълимӣ оғоз гардид

    Дар Ӯзбекистон калонтарин лоиҳаи таълимӣ барои роҳбарону коргарони хоҷагиҳои фермерӣ оғоз ёфт. Барномаи курсҳои интенсивӣ, ки дар саросари кишвар ташкил карда мешаванд, инҳоро дар бар мегирад: усулҳои муосири баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растанӣ; мавзӯъҳои ҳосилхезии замин ва беҳтар намудани сифати он; идоракунии хоҷагӣ; технологияи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши зироатҳо; маркетинги кишоварзӣ; технологияҳои самараноки обёрии каммасраф; ҳалли инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ; усулу услубҳои дар амалияи хориҷӣ истифодашаванда ва дигар мавзӯъҳо.

    Ин курсҳои омӯзишӣ -- бузургтарин лоиҳаи таълимӣ барои фермерон ва коргарони онҳо дар Ӯзбекистон, дар чаҳорчӯби он фарогирии ҳудуди 80 ҳазор хоҷагиҳои фермерӣ дар бахши меваю сабзавот, чорводорӣ ва паррандапарварӣ пешбинӣ шудааст. Дар лоиҳа зиёда аз сад тренерони соҳибихтисос ҷалб шудаанд. Курсҳои омӯзишӣ дар тамоми вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қорақалпоғистон ташкил карда шуда, давраи умумии гузаронидани онҳо аз моҳи ноябри соли 2021 то охири соли 2022 мебошад.

    Шунавандагони курсҳо метавонанд дар дарсҳои маҳорати мутахассисони дорои таҷрибаи хориҷӣ ширкат варзанд ва дар натиҷаи омӯзиш ба онҳо сертификат дода мешавад. Ғайр аз ин, ба шунавандагони курсҳои интенсивӣ аз ҷои истиқомат ба ҷои баргузории курс, хӯрок ва хобгоҳ дода мешавад. Ташкилкунандагони курсҳои интенсивӣ барои фермерҳо Бонки саҳҳомии тиҷоратии “Агробанк” ва Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ мебошанд, хабар медиҳад коршиносони EastFruit бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон.

    Шарикони лоиҳа Вазорати кишоварзӣ, Вазорати хоҷагии об, Донишгоҳи аграрии Тошканд ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Ӯзбекистон аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд.