Дирӯз, 11 апрел намояндагони гурӯҳи корӣ аз фурудгоҳи байналмилалии Инчон дидан карданд. Зимни мулоқоти президент ва директори иҷроияи фурудгоҳ Ким Кён Вук ва муовини вазири нақлиёт Абдусамат Мӯъминов масъалаҳои ҷорӣ намудани таҷриба ва технологияҳои муосири Фурудгоҳи байналмилалии Инчон дар фурудгоҳҳои минтақавии кишвар баррасӣ шуданд.
Инчунин оид ба зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни кишварҳоямон, аз ҷумла, бо истифода аз имкониятҳои фурудгоҳи байналмилалии Инчон, зиёд намудани ҳамлу нақли транзитӣ ба кишварҳои сеюм табодули афкор сурат гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт, имрӯз дар назар аст, ки бо фаъолияти бандари баҳрии Пусан, фурудгоҳи Гимпо шинос шавад.