Варзишгарони Ӯзбекистон дар Бозиҳои VI БРИКС ширкат мекунанд

    Варзиш 12 Iyun 2024 929

    Бозиҳои VI БРИКС аз 12 то 23 июн дар Қазон (Федератсияи Русия) баргузор мешаванд. Дар онҳо зиёда аз чор ҳазор нафар иштирокчиёни хориҷӣ аз 97 мамлакат иштирок мекунанд. Дар мусобиқаҳои дар пешистода аз рӯи 27 намуди спорт беҳтаринҳо маълум карда мешаванд. Дар назар аст, ки 249 нафар ҳамватанони мо дар 23 ришта қувваозмоӣ кунанд.

    Дирӯз ҳайати Ӯзбекистон, ки дар ин оғози бозиҳо ширкат дорад, ба Қазон рафт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов варзишгарону мураббиёнро муовини вазири варзиш Шаҳрулло Маҳмудов гусел кард.

    Имрӯз варзишгарон ба мубориза барои медалҳо дар мусобиқоти бонуфуз шурӯъ мекунанд. Дар ин бозиҳо 90 даста аз вилоятҳои худмухтори Русия ва кишварҳои дигар барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.

    Ба варзишгарони ӯзбекистонӣ дар мусобиқаҳои дарпешистода муваффақият ва қуллаҳои бесобиқа таманно дорем!


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates