Дар биржаи Comex қимати фючерси тилло бо таҳвили моҳи феврали соли 2026 бори аввал аз 5000 доллар барои як унсияи тройӣ гузашт. Дар лаҳзаи интишори хабар арзиши як унсияи тройӣ 5067,9 доллар-ро ташкил медод.

Нархи фючерси нуқра низ ҳадди аксарро нав кард — бори аввал аз 105 доллар барои як унсияи тройӣ болотар рафт.

Ёдовар мешавем, ки Бонки марказӣ аз соли 2020 ба фурӯши гулӯлаҳои тилло оғоз намудааст. Аз моҳи январи соли ҷорӣ танзимгар бори аввал ба нашри нархҳои бозхариди гулӯлаҳои тилло шуруъ кард.

Нархҳои фурӯш ва бозхариди гулӯлаҳои тилло ҳар рӯз дар сомонаи расмии Бонки марказӣ бо асъори миллӣ интишор мегарданд.