Кишварҳои узви СУТ дар мавриди таҳияи санади таърихӣ оид ба мубориза бо пандемия ба созиш омаданд

    Муҳим 3 Dekabr 2021 748

    Пас аз ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ, иштирокчиёни он ба як тавофуқи таърихӣ расиданд: оғоз кардани кор дар таҳияи як ҳуҷҷати фарогири глобалӣ барои пурзӯр кардани кӯшишҳо барои пешгирии пандемия, беҳтар кардани омодагӣ ба онҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи соҳаи тандурустӣ.

    Директори генералии Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус ассамблеяро ба итмом расонид, созишномаро "як шонси нодир барои таҳкими меъмории ҷаҳонии тандурустӣ барои некӯаҳволии тамоми сокинони ҷаҳон" номид, хабар медиҳад "Навгониҳои СММ".

    "Пандемияи COVID-19 камбудиҳои зиёдеро дар системаи ҷаҳонӣ, ки барои таъмини ҳимоя аз пандемия даъват менамояд фош кард: осебпазиртаринҳо ваксина гирифта наметавонанд, ба кормандони соҳаи тиб барои наҷот додани ҳаёт таҷҳизот намерасанд ва муносибати худхоҳона ҳамбастагии глобалии заруриро, ки барои барҳам додани таҳдиди глобалӣ заруранд, ба бод медиҳад" - гуфт доктор Тедрос.

    Дар баробари ин, гуфт ӯ, ҷаҳон мутмаин шуд, ки бо иродаи сиёсӣ ва ҳамбастагӣ ба чӣ комёбиҳо ноил шудан мумкин аст: аз таҳияи ваксинаҳои муассир дар муддати кӯтоҳтарин то созишномаи имрӯза оид ба ҳамкории ҷаҳонӣ дар мубориза бо пандемия дар оянда.

    Ин иҷлосияи махсуси Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ аз замони таъсиси ин созмон дар соли 1948 дуввумин аст. Форум таҳти шиори "Тамоми ҷаҳон якҷоя аст" баргузор шуда, натиҷаи асосии он таъсиси як ниҳоди байниҳукуматии музокира буд, ки иштирокчиёни он конвенсияи СУТ ё созишномаро таҳия хоҳанд кард - формати ҳуҷҷат ҳоло ҳам -- оид ба пурзӯр намудани тадбирҳое, ки ба пешгирии пандемия дар оянда, баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи соҳаи тандурустӣ нигаронида шудаанд, мариди гуфтушунид қарор мегирад.

    Ҷаласаи якуми ин ниҳоди нав на дертар аз марти соли 2022 ва ҷаласаи дуввум то моҳи августи соли оянда баргузор мешавад. Инчунин дар соли 2024 баргузории ҷаласаҳои ҷамъиятӣ, нашри ҳисоботи корӣ ва пешниҳоди лоиҳаи ниҳоии Ассамблеяи 77-уми умумиҷаҳонии тандурустӣ пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates