Мақсадҳои асосии қабул шудани ин фармон аз ҷумла чунинанд:
муайян кардани нишондиҳандаҳои самаранокӣ бо дарназардошти дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»;
рақамисозии пурраи раванди назорат ва мониторинги иҷрои мақсадҳои Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030».
Дар Платформаи рақамӣ вазъи иҷрои нишондиҳандаҳои самаранокии мақсадҳои Стратегия ба чунин категорияҳо ҷудо мешавад:
«сабз» — иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳанда;
«зард» — дар иҷрои нишондиҳанда камбудиҳо мавҷуданд, аммо ислоҳи онҳо имконпазир аст;
«сурх» — дар иҷрои нишондиҳанда ақибмонии ҷиддӣ мавҷуд аст ё он умуман иҷро нашудааст.
Ҳамзамон:
ниҳодҳое, ки нишондиҳандаҳояшон ба гурӯҳи «сабз» дохил мешаванд, ҳавасманд гардонда мешаванд;
барои нишондиҳандаҳои гурӯҳи «зард» сабабҳои ақибмонӣ таҳлил шуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ниҳоди дахлдор барои андешидани чораҳои зарурӣ дастур дода мешавад;
фаъолияти ниҳодҳое, ки барои нишондиҳандаҳои гурӯҳи «сурх» масъуланд, дар ҷаласаи Презиуми Девони Вазирон ба баррасии танқидӣ гузошта мешавад.