Коршиносон моделҳои иқлим ва иқтисодиро пайваст карда, ба дастгоҳи дорои қудрати бузурги ҳисоббарорӣ шумораи зиёди тағирёбандаҳоро ворид карданд: маълумот дар бораи 1200 технологияи истеҳсолот ва истифодаи намудҳои гуногуни энергия, маълумот дар бораи усулҳои кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, шумораи аҳолӣ, арзиши технологияҳои энергетикӣ ва ғайра. Дар натиҷа, компютер чаҳор ҳазор сенарияи офатҳои эҳтимолии иқлимиро барои 15 минтақаи ҷаҳон то соли 2100 тавлид кард, хабар медиҳад “Мир24”.
Дар 70 фоизи сенарияҳо суперкомпютер вазъиятеро фароҳам меорад, ки то соли 2028 ҳарорати ҳаво дар сайёра 1,5 дараҷа боло хоҳад рафт. Олимон ҳушдор медиҳанд, ки ин нишондиҳанда барои инсоният ҳанӯз бехатар аст, аммо аз ҳад зиёди он ба оқибатҳои бебозгашт ва фалокатовар оварда мерасонад. Тибқи иттилои Science Direct, онҳо даъват карданд, ки барои зери назорат нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ чораҳо андешанд.









