Дар шароити ҳозираи торафт бадтар шудани нарасидани захираҳои об дар мамлакати мо ба истифодаи оқилона ва эҳтиёткоронаи онҳо диққати махсус дода мешавад. Дар солҳои охир мутаносибан 472 ҳазор гектар ва 48 ҳазор гектар ба обёрии қатрагӣ ва пошидани об гузаронида шуда, дар 97 ҳазор гектар технологияи сарфаи об ҷорӣ карда шуд. Дар 649 ҳазор гектар замин ҳамворкунии лазерӣ гузаронда шуд.
Дар натиҷаи ин тадбирҳо танҳо дар соли 2023 2 миллиард метри мукааб об сарфа гардид. Ин ба истеъмоли солонаи оби вилояти Бухоро баробар аст.
Ба васеъ шудани доираи ин кор мушкилоти муайян дар маҳалҳо халал мерасонанд. Масалан, ваколатҳои шуъбаҳои обёрии ноҳияҳо бо каналҳои байнихоҷагӣ маҳдуд карда шудаанд. Хизматҳои обтаъминкунӣ ба таври самарабахш бо маблағ таъмин карда нашудааст. Қарзҳои банкҳои тиҷоратие, ки барои ҷорӣ намудани технологиям сарфакорӣ ҷудо карда шудаанд, ба фермерон ҷолиби диққат нестанд.
Вобаста ба ин, бо супориши Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи поёнии низоми идоракунии захираҳои об ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо пешниҳодҳо таҳия карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар заминаи шуъбаҳои обёрии вилоятҳо ва хадамоти махсусгардонидашуда дар заминаи муассисаҳои давлатии “Хидматҳои обтаъминкунӣ” ташкил карда мешаванд. Онҳо бо экскаваторҳо ва дигар техника таъмин карда мешаванд, ки ин арзиши хизмати шабакаҳои ирригатсиониро ду баробар кам мекунад.
Инчунин, инвентаризатсияи тамоми шабакаҳои обёрӣ, ба соҳибони онҳо вогузор кардани онҳо ва таҳияи рақами ягонаи мушаххас пешбинӣ шудааст.
Аз ҳамин сол cap карда музди як метри мукааб оби ба саҳро додашуда 100 сӯм муқаррар карда шудааст. Вақти он расидааст, ки чунин тасаввуроте, ки дар шуури бисёр одамон дар бораи бепул будани об муқаррар шудааст, тағйир дода шавад, қайд карда шуд дар ҷамъомад.
Ба ин муносибат таклиф карда шуд, ки ҳисобу китоб бо истеъмолкунандагони об дар асоси тамоюли дифференсиалӣ ташкил карда шаванд. Аз ҷумла, аз соли 2025 дар назар аст, ки нисбат ба фермероне, ки ҳисобкунакҳои обро насб намуда, технологияи сарфаҷӯиро ҷорӣ кардаанд, коэффисиенти камтари андоз ва нисбат ба онҳое, ки ин корро накардаанд, баръакс, коэффисиенти афзояндаи андозбандӣ истифода бурда шавад. Дар баробари ин пардохт барои хидмати интиқоли об бекор карда мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин тадбирҳои ҳавасмандгардонии минбаъдаи ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об муҳокима шуданд.
Қайд карда шуд, ки барои ин мақсадҳо хатти кредити имтиёзнок кушода мешавад. Аз ҷумла, қарзҳо бо ставкаи 14 фоиз ба муҳлати 5 сол бо давраи имтиёзноки ду сол дода мешаванд. Барои лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм ставка 10 фоизро ташкил медиҳад. Ҳангоми гирифтани чунин қарз аз фермерон талаб карда намешавад, ки амволро ба гарав гузоранд.
Ҳамзамон, имкони ба тариқи онлайн гирифтани қарз пешбинӣ шудааст. Масалан, аз ҷониби “Агробонк” низоми «Suvkredit.uz» таҳия шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки ба зиммаи пудратчиён, ӯҳдадориҳои иловагӣ, аз қабили, фақат дар асоси лоиҳаи мукаммал сохтани технологияи сарфакунандаи об, ба системаи насбшуда додани кафолати накамтар аз ду сол ва хидматрасонӣ дар тӯли на камтар аз 5 сол гузошта шавад. Пудратчиёне, ки ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд, ба система дохил карда намешаванд.
Чунон ки маълум аст, имрӯз ба ҳар гектаре, ки дар он системаи сарфаи об ҷорӣ карда мешавад, 8 миллион сӯм субсидия дода мешавад. То ин дам 50 фоизи ин маблағ дар соли ҷорӣ карда шудани технология ва боқимондааш соли дигар дода мешуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ин шарт инчунин бо пардохти пурраи субсидия дар ҳамон соле, ки технология насб шудааст, содда карда мешавад.
Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани низоми фарогирии ҳар як истифодабарандаи ниҳоӣ ва васеъ намудани доираи корҳо оид ба сарфакоронаи об дастурҳо дод.