Аз рӯзи 24 июл, вақте ки задухӯрдҳо дар марз оғоз шуданд, ҳадди ақал 33 сарбоз ва сокинони осоишта кушта шуданд ва ҳазорон шаҳрвандони Таиланд ва Камбоҷа маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.
Рӯзи шанбе Президенти ИМА Доналд Трамп ба роҳбарони ҳарду кишвар занг зада, хостори оташбаси фаврӣ гардид. Рӯзи якшанбе Таиланд эълом дошт, ки ҳайати онҳо таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Сарвазир Пхумтам Вечаячай дар музокирот иштирок хоҳад кард. Ҳукумати Таиланд гуфт, ки Малайзия ба онҳо хабар додааст, ки дар музокирот Сарвазири Камбоҷа Хум Манет низ иштирок мекунад, хабар медиҳад delfi.lt.