Дар чорабинӣ ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти сарварии Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева низ ширкат дошт.

Нахуст ҳайатҳои порлумонӣ хотираи пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро гиромӣ дошта, ба оромгоҳи ӯ дар хиёбони Фахр гул гузоштанд. Пас аз он, дар Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон шиносоӣ бо намоишгоҳи аксҳо бахшида ба шахсият ва мероси Ҳайдар Алиев сурат гирифт. Нотиқон дар ҷаласаи махсус қайд карданд, ки Ҳайдар Алиев арбоби маъруфи сиёсӣ ва давлатии асри ХХ, асосгузори Озарбойҷони соҳибистиқлол буда, фаъолияти гуногунҷанбаи ӯ ба баланд шудани нуфузи байналмилалии кишвар хизмат кардааст.

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева таъкид кард, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии Озарбойҷон, ташаккули ваҳдати миллӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар тафаккури миллӣ бо номи Ҳайдар Алиев алоқаманд аст ва маҳз бо ҳамин гуна пешвои миллат ба мисли Ҳайдар Алиев Озарбойҷон дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун кишвари пешрафта ва соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ обрӯи баланд пайдо кард.

— Таъкид кардан мехоҳам, ки хотираи Ҳайдар Алиевро дар Ӯзбекистон баланд гиромӣ медоранд. Халқи ӯзбек ҳиссаи ин шахсияти таърихӣ, ходими бузурги сиёсиро дар инкишоф додан ва мустахкам намудани алоқаҳои бародаронаи байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҳамеша дар хотир хоҳад дошт. Хотираи ӯ дар мамлакати мо абадӣ гардонда шудааст. Имрӯз ба яке аз кӯчаҳои марказии Тошканд номи Ҳайдар Алиев гузошта, ба хотираи мубораки ӯ барелефи ёдгорӣ гузошта шудааст. Ин намунаи эҳтироми баланди халқи ӯзбек ба пешвои миллии мардуми Озарбойҷон мебошад” — алоҳида таъкид намуд Раиси Сенати Олий Маҷлис.