Ба иштирокчиёни Конфронси байналхалқӣ оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм

    Муҳтарам иштирокчиёни конфронс! Хонумон ва ҷанобон!

    Ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони конфронси муштараки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки ба таҳкими шарикӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида шудааст, самимона табрик мегӯям.

    Ташкили ин форуми муҳими байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои бонуфузи минтақавӣ, аз қабили СҲШ ва ИДМ бори дигар аз саъй ва хоҳиши муштараки рушди ҳамкориҳои амалӣ дар таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақаи паҳноварамон шаҳодат медиҳад.

    Махсусан қайд кардан мехоҳам, ки конфронси кунунӣ як платформаи маъмул барои табодули таҷриба ва донишҳои ҷамъшуда, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо оид ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар самти мубориза бо чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятӣ мебошад.

    Ба рӯзнома масъалаҳои мубрами омӯзиши таҷрибаи пешқадами миллӣ, роҳандозии механизмҳои муассири ҳамкориҳои зиддитеррористӣ, табодули илмию таълимӣ, ташаккули воситаҳои муассир барои пешгирии паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва радикализм, вазифаҳои пешгирии "пулшӯӣ" ва маблағгузории терроризм дохил карда шудаанд.

    Итминон дорам, ки машқҳои муштараки зиддитеррористии «Шарқ – Антитеррор- 2024», ки фардо бори аввал дар кишвари мо баргузор мегардад, инчунин ба густариши ҳамкории амалӣ ва баланд бардоштани иқтидори воҳидҳои таъиноти махсус дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои умумии бехатарӣ хидмат мекунанд.

    Муҳтарам иштирокчиёни форум!

    Мутаассифона, афзоиши ташаннуҷи геосиёсӣ ва авҷ гирифтани низоъҳо, набудани эътимоди мутақобила байни давлатҳои пешрафта, коҳиши нақши ниҳодҳои амнияти ҷаҳонӣ ба рушди ҳамкориҳои ошкоро ва муассири байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ таъсири манфӣ мерасонад.

    Ҳамзамон, хатару чолишҳо дар киберфазо, вақте ки фаъолияти ғайриқонунӣ, ҷалби фаъол оид ба одамчидагирӣ ва радикализатсия тавассути шабакаҳо ва каналҳои интернетӣ, ки сарҳади миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиро эътироф намекунанд, афзоиш меёбад.

    Дар натиҷа, имрӯзҳо бештар намояндагони қишрҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону муҳоҷирони кории мо қурбони «зомбиҳои онлайн» гардида, ба гурӯҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ шомил гардида, даст ба ҷиноят мезананд.

    Дар робита ба ин, боз ҳам такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва татбиқи чорабиниҳои муштараки амалӣ дар доираи фаъолияти СЗТМ СҲШ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва вокуниши саривақтӣ ба чунин чолишҳо ва таҳдидҳо нигаронида шудааст, муҳимтарин вазифаҳо мебошанд.

    Мехоҳам таъкид намоям, ки Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба равиши ҳамаҷониба, фарогир ва системавӣ асос ёфтааст, ки истифодаи чораҳои пешгирикунанда ва вокуниши амалиро дарбар мегирад. Самтҳои афзалиятноки ин кор таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши муколамаи ошкоро дар ҷомеа, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии боэътимоди аҳолӣ мебошад.

    Ҳамзамон, мо ҳимоя ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қатъии принсипи волоияти қонунро заминаи бунёдии мубориза бо терроризму ифротгароӣ медонем.

    Айни замон дар Ӯзбекистон татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ идома дошта, ҷиҳати дастгирӣ ва кушодани неруи ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шуда, барои ба ҳаёти осоишта мутобиқ гардонидани ашхоси аз «нуқтаҳои гарм» баргашта тадбирҳо андешида мешаванд.

    Соли равон дар якҷоягӣ бо Раёсати зиддитеррористии СММ Шӯрои минтақавии коршиносон оид ба барқарорсозӣ ва реинтегратсия таъсис дода шуда, «харитаи роҳ»-и нави шарикии васеъмиқёс қабул карда шуд.

    Дар хотима мехоҳам махсусан қайд намоям, ки ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии муассири фаъолияти хидматҳои махсуси кишварҳои мо минбаъд низ самти афзалиятноки ҳамкории байнидавлатӣ ба манзури таъмини сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.

    Ба ҳамаи иштирокчиёни конфронс мубоҳисаҳои судманд ва муваффақият орзумандам.

    Шавкат Мирзиёев

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон


    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates