Дар тақдимот нақшаҳои рушди Минтақаи махсуси саноатии “Насли нав” баррасӣ гардид.

Дар ин минтақа, ки дар масоҳати 774 гектар ташкил шудааст, то ҳол дар 268 гектар 28 лоиҳа амалӣ гардида истодааст, ки арзиши умумии онҳо ба 800 миллион доллар баробар аст. Барои 30 лоиҳаи дигар, ки дар 300 гектар ҷойгир мешаванд, сармоягузорон муайян шудаанд ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 400 миллион долларро ташкил медиҳад.

Зикр шуд, ки боз ҳам васеъ кардани минтақаи саноатӣ ва ҷойгиркунии иқтидорҳои нав барои таъсиси ҷойҳои корӣ, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва технологӣ хеле муҳим мебошад.

Масалан, дар ҳудуди минтақаи саноатӣ лоиҳаи бунёди терминали логистикии мултимодалӣ аз ҳисоби 288 миллион доллар сармоя низ баррасӣ гардид. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ширкати “DP World”-и Дубай амалӣ мегардад. Пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани терминал, имкониятҳои логистикии пойтахт ва вилояти Тошканд васеъ мешаванд, амалиётҳои содиротӣ ва воридотӣ суръат мегиранд.

Ҳамзамон, дар бораи корҳои беҳтар кардани инфрасохтори роҳу нақлиёт дар пойтахт низ сухан рафт. Аз ҷумла, бо назардошти таҷрибаи кӯчаи Шота Руставели, тибқи низоми “BRT” (Bus Rapid Transit), дар 10 кӯчаи дигар низ корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.

Чорабиниҳое, ки бо мақсади таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳо, танзими ҷараёни нақлиёт ва такмил додани симои шаҳр бар асоси дизайн-коди ягона таҳия шудаанд, низ муҳокима гардиданд.

Барои соли оянда, ба корҳои ободонии маҳаллаҳо, бунёди кӯчаҳои гастрономӣ ва таҷдиди низоми обёрӣ аз буҷети маҳаллӣ равона кардани 1 триллион сӯм муайян карда шуд.

Президент таъкид намуд, ки навсозиҳо дар пойтахт бояд ба эҷоди муҳити муосиру бароҳати зист барои мардум, боло бурдани фаъолиятҳои иқтисодӣ ва нерӯи соҳибкорӣ мусоидат намоянд.

Дар ҷараёни муаррифӣ, инчунин дар бораи лоиҳаҳои бузурги дигар минтақаҳо низ маълумот дода шуд. Аз ҷумла, нақшаҳои тавсеаи минбаъдаи имкониятҳои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар шаҳри Бухоро баррасӣ гардиданд.